Номаи Эҳсон Фаттоҳӣ ба Қосим Сулаймонӣ
Таърихи изофа : 7/8/2016 2:13:16 PM
Bookmark and Share              Balatarin

Суннӣ Нюз: Ҷаноби сардор Сулаймонӣ, фармондеҳи муҳтарами Сипоҳи Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ

Пас аз салому арзи эҳтиром!

Мутаассифона ман маҷбурам, ки дар ин нома ба шумо муаддабона суҳбат мекунам, чун шумо лаёқати саломро надоред, вале дар нома навиштан бояд мавриди адаб риоят шавад. Ҳоло ман намедонам ин номаро шумо аслан мехонед ё на, вале билохира яке аз бародарони  гумноми имоми замон ки мехонад.

Чанд рӯз пеш дар мавзӯи Баҳрайн баёнияи  тааҷҷубангез аз сӯи шумо дар расонаҳо мунташир шуд, ки бӯи хун медод.

Мавзӯ аз ин қарор буда, ки ҳукумати Баҳрайн лағви тобеияти охунд Исо Қосимро эълон кардааст ва шумо аз ин кори онҳо ошӯфта шудаед.

Дар ин замина ман ҳам мақолае навиштам, ки шумо карнавали вилояти фақеҳ мебошед, ман саъй намудаам дар ин нома муаддабона бинависам, вале дар мақолаам аз ҷиноятҳои ҳазрати таъолӣ дар Сурия ва Ироқу Яман ва соири нуқот суҳбат намудам.

1.                 Шумо ба ҳокимияти кушвари ҳамсоя навиштаед “дар сурати ҳар гуна таъаддӣ ба Шайх Исо Қосим бо муқовимати мусаллаҳона мувоҷеҳ хоҳанд шуд, ки исқоти ин режим танҳо гӯшае аз табаъоти он аст”.

Оқои Сулаймонӣ! Кишвари азизи мо Ирон раиси ҷумҳур дорад, Шурои олии амнияти миллӣ дорад, агар мавзуи муҳиме рух диҳад, ки лозим бошад кишвари мо алайҳи кишвари ҳамсоя эълони ҷанг бикунад, ин вазифаи онҳост на шумо.

Албатта ҳар чанд, ки тамоми дастӯрот зери назари ҷаноби  Раҳбар аст ва чароғи сабзи суҳбати шумо ба дастӯри ин шахси охунд Оятуллоҳи Хоменаӣ мебошад.

Бо ин вуҷуд шумо сарбози майҳан ҳастед, албатта дар корномаи шумо ҷуз армуғони торикӣ чизи дигаре мушоҳида намешавад.

2.                 Магар вақте ҳокимияти Ирон Мирҳусайни Мусавиро, ки миллионҳо тарафдор ва ҳаводор дошт, ба ҳаср бурд, низомиёни Баҳрайн баёния доданд ва Иронро таҳдид ба ҷанг ва хунрезӣ карданд? Маълум аст, ки чунин  накарданд, дар ҳеҷ куҷои дунё ин кор маъмул нест.

3.                 Исқоти ҳукумати як кишвар тахаюли воҳист, ки шумо дар зеҳн худ мепарваронед.

Магар ҷомеаи байналмилалӣ мурда бошад, ки шумо биравед низоми як кишварро бо ҷангу хунрезӣ аз байн бибаред.

Бояд низоми байналалмилаӣ ин кори шуморо тамошо   хоҳанд кард ва аз шумо ва аз наҳиби шумо хоҳанг тарсид ва лобудда мо ҳам дар ин ҷо барои шумо савту каф хоҳем зад ва барои шумо дуруду  офарин нисор хоҳем кард?!!

4.                 Магар ҳамлаи иддаи тундрав ва нодон ба сафорати Арабистони Саӯдӣ боиси сарбаландии Арабистон дар назди афкори умуми ҷаҳон ва сабаби зиллату маҳкумияти Ирон дар низоми байналмилалӣ нашуд?

Магар ин кор нишонаи таваҳҳуши мо ирониҳо қаламдод нашуд?

Магар ин кор муҷиби талабкор шудани Арабистон ва боиси таътили Ҳаҷ нашуд?

То ҷое, ки масъулини ҳаҷҷи Ирон ҳар миқдор пеши масъулини арабистонӣ ҳақорат кашиданд ва сархам карданд, боз ҳам муассир нашуд.

Чаро обрӯе ба поспуртҳоямон барнамегардонед,  солҳост дар ҳоли ҷиноят ва амалиёни терористӣ ҳастед.

Ҳадаф ва кори шумо чист?

Чаро шумо пулу дороие, ки аз хазинаи миллати Ирон харҷ мешавад, барои миллат харҷ намекунед, ин ҳама неъмату ганҷ ва фаровонӣ дар Ирони азизамон ҳаст, чаро ҳамаи онро ба бод додед ва ё ба Насруллоҳи лубнонӣ ва корҳои терористӣ медиҳед дар минтақа.

Чаро пӯле, ки сарфи ҷиноят мекунед, сарфи ободӣ ва фарҳангсозӣ намекунед, то ҷавонон аз кишвар фирор накунанд.

Ва бисёр чароҳои дигаре, ки мешавад маснавии ҳафтод панд...

Дар дави мушкилоти миллати шарифи Ирон зиёда чароғест, ки ба хона навост, ба масҷид ҳаром.

5.                 Магар қабул надоред, ки ду кишвари сарватманди Ирону Ироқ аз ин чанги муҳиб ва хонмонсӯз ба вартаи ақибмондагӣ ва нобӯдӣ афтоданд ва армуғони он ҷанг фақру авомили дигар буд.

6.                 Дар баёнияи шумо дар тавсифи бархурди ҳокими Баҳрайн бо муътаризин ва мунтақидин ин ибораҳо ба чашм мехурад:

Дӯст дорам воқеъгароёна бошед ва нигоҳе ба корномаи ҷумҳурии исломӣ бияндозед ва зиндониён ва таҷовуз ба зиндониҳо ва куштани бегуноҳонро ёдовар кунам хидмататон.

“мардуми наҷиб ва  сабур табъиз, беадолатӣ, таҳқир, зоеъ кардани ҳуқуқи шаҳрвандӣ, зиндон, шиканҷа, иҳонат, хафақон, густохӣ, истимрори фишорҳои беш аз ҳад ва хашми мардум”.

Ман ба шумо тавсия мекунам, филмҳои бархурди Сипоҳ ва Басиҷ ва пулиси Иронро бо муътаризини соли 88 нигоҳ кунед, он вақт қазоват кунед.

Чаро Ҷаноби Олӣ хиҷолат намекашед ва нигоҳе ба дохили кишвар намеадозед, ки чӣ қадар муътариз ва зиндонии сиёсӣ вуҷуд дорад.

7.                 Шумо дар кишвари Сурия аз ҳарам дифо мекунед, ё аз ҳукумати Башор Асад?

Ба чӣ қимате?

8.                 Фиши ҳуқуқии шумо ва дигар  сардорони Сипоҳ чӣ қадар аст?

9.                 Ру ки нест, санги пои Қазвинина!!!

Ҳаргиз қасд надорам аз давлате ё кишваре дифо карда ва ё ба он таҳоҷум намоям.

Аммо даҳҳо тан фақат аз раҳбарони Аҳли Суннати Ирон терор, эъдом, зиндон ва шиканҷа шуданд ва бисёре маҷбур ба ҳиҷрат ва оворагӣ шуданд! На танҳо кишваре ё давлате ҳарф намезанад, балки тоза ситамгарони Ирон худро талабкор ҳам медонанд! Ҳоло ин ҷинояткори ҷангӣ Қосими Сулаймонӣ, ки дар хуни кудакони бегуноҳ ва занони бепаноҳи Ироқу Сурия ғутавар аст, ба дунболи оташафрӯзии дигар аст!

Номҳои теъдоде аз бузургони Аҳли Суннат, ки тавассути ҷумҳурии истибдоди ғайри исломии Ирон ба шаҳодат расидаанд:

1.     Дуктур Баҳмани Шакурӣ, дабири кулли Аҳли Суннати Ирон

2.     Аллома Аҳмад Муфтизода аз раҳбарони Аҳли Суннати Ирон

3.     Мавлоно Абдулазиз Муллозода, аз раҳбарони Аҳли Суннат Ирон

4.     Устод Носири Субҳонӣ аз донишмандон ва раҳбарони Аҳли Суннат

5.     Устод Форӯқ Фиристод, аз даъватгарон  ва устодони Аҳли Суннат

6.     Мавлоно Абдулмалик Муллозода, аз раҳбарон ва фаълони Аҳли Суннат

7.     Мавлоно Абдулазиз Аллоҳёрӣ, имомҷумъаи Аҳли Суннати Бирҷанд

8.     Мавлоно Саиди Фозилӣ, имомҷумъаи Аҳли Суннати Тойбод

9.     Аллома  Рабеъӣ, имомҷумъаи Кирмоншоҳ

10.                        Дуктур Шайх Аҳмад Саёд, аз донишмандон ва маъдуд мухахасисони ҳадис дар Ҷаҳон

11.                        Мавлоно Иброҳим Доманӣ, имомҷумъаи Ироншаҳр

12.                        Мавлоно Абдуссатор, имомҷумъаи Хош

13.                         Малоно Мӯсо Карампӯр, имомҷумъаи масҷиди шаҳидшудаи Шайх Файз дар Машҳад

14.                        Мавлоно Қудратуллоҳ Ҷаъфарӣ, аз даъватгарон ва омилони Аҳли Суннати Хуросон

15.                        Мавлоно Аҳмади Норӯӣ, муовини Мавлоно Абдулҳамид, раҳбар Аҳли Суннати Ирон

16.                        Ҳофизи Қуръон Дуктур Абдулазиз Козимӣ Баҷад, устоди донишгоҳ

17.                        Мавлоно Саид Аҳмад Саид Ҳусайнӣ, аз уламо ва бузургони Хуросон

18.                        Мавлоно Қасрқандӣ, муфтии аъзами Балӯчистон

19.                        Мавлоно Муҳаммад Умари Сарбозӣ, аз раҳбарони Аҳли Суннати Ирон

20.                        Шайх Алӣ Деҳворӣ, имомҷумъаи Саровон ва аз раҳбарои Аҳли Суннат

21.                        Устод  ҳофизи Қуръон, Шайх Муҳаммад Зиёӣ, имомҷумъаи Бандарабос ва муассиси маъҳад ва донишгоҳҳои исломӣ ва аз раҳбарони Аҳли Суннати Ирон

22.                        Дуктури ҷарроҳ ва устод Музафариён, имомҷуъаи Аҳли Суннати Шероз

Ва бисёри дигар...

Оё бо ин ҳисоби шумо ҷаноби Қосими Сулаймонӣ! Аҳли Суннат ҳаққи ҷанги мусаллаҳона дар Иронро доранд ё на?!!!

Аз дидгоҳи ман шумо ҷаноби Сулаймонӣ! як ҷинояткор ва як терорист ҳастед. Ҳар дулоре, ки дар минтақа сарф кардаед, ҳар тарҳи амалиёте, ки тадвир кардаед, ҳар гулула, мушак, бамб ва майну норинҷаке, ки дар Ирон ба минтақа бурдаед ва истифода кардаед ва инсонеро куштаед, бидуни иҷозати мардуми Ирон ва ғайри қонӯнӣ будааст.

Ҷанги Яман ва ҳар ҷанге, ки дар минтақа иттифоқ меафтад, муқассири аслиаш ҷумҳурии исломӣ, шахси ҷаноби раҳбар ва Сипоҳи Посдорон, ду ҷиноҳ ислоҳталаб ва муҳофизакор ва шумо ҷаноби Қосими Сулаймонӣ ҳастед.

Ба навишатаи Вол Стрит Журнал 28 Урдубиҳишт созмони ҳуқуқи башар “наомии шом” мадорики поксозии қавмӣ ва ҷинояти ҷангии режими Ирон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон дар Сурияро гирдоварӣ карда ва онро ба додгоҳи ҷиноёии байналмилалӣ пешкаш намудааст.

Дар гузориши ин созмон ба таври мушаххас аз шумо ҷаноби Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи терористии Қудс ба унвони яке аз ҷинояткорони ҷангӣ дар Сурия исм бурда шудааст. Фуод Ҳамдон, аз мудирони ин созмон гуфт: мо хости худамон аз додгоҳи байналмилалии ҷиноиро такрор мекунем ва хоҳони шуруи таҳқиқот тавассути додситони додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ҳастем ва ин таҳқиқот бояд шомили нақши мақомот ва фармондеҳони режими Ирон ба хусус Қосими Сулаймонӣ бошад.

Аслан низоми шумо барои ҳамин дуруст шудааст, ки тамаддун ва фарҳанги ҳазорсола ва симболҳои он қаҳрамононе, ки аз Ирон ва тамаддуни он дифо мекунанд, вайрон ва ба харобаҳои он кохҳои Хумайнӣ падархондаи интиҷоъи бунёдгароӣ ва ДОИШу симболҳои он монанди Лоҷурӣ ва Сайди Шерозӣ ва Ҳусайни Ҳамадониро боло бибаред, вале натавонистед ва мардуми далери  Ирон сари роҳи мошини хунрези он печид.

Ба умеди рӯзе, ки шумоҳо бӯи инсоният ва баробарӣ дар вуҷудатон равад қабл аз байн рафтани шумоҳо.

Ҳар чанд ман он рӯзро то таҷдиди назар кардан дар корҳоятон ҳис намекунам!!!

Вале ҷаноби Сулаймонӣ ва дигарон бидонед, ки ҳамеша зимистон собит нест!!!

 

Теъдоди боздид :
135132

Bookmark and Share              Balatarin
 
 
Ном:
Матни назарҳо: 
 
      
 
 
 
Лағви иштирок
Иштирок