Путин дастури хуруҷи неруҳои Русиро аз Сурия содир кард.
Таърихи изофа : 3/15/2016 7:06:48 PM
Bookmark and Share              Balatarin

Путин дастури хуруҷи неруҳои Русиро аз Сурия содир кард.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар ҳаракати ғайри мунтазира ба артиш дастур дода аст хориҷ кардани "Бахши аслӣ" неруҳояш аз Сурияро аз рузи сешанбе оғоз кунад.

Бар асоси баёнияи Кремл, раисҷумҳури Русия гуфта аст, ки аҳдофи аслии неруҳои мусаллаҳи Русия дар Сурия муҳаққақ шуд.

Оқои Путин ин даструрро дар хилоли гуфтугуҳои тозаи сулҳ дар Женева бо ҳадафи муноқишаи панҷ солаи Сурия содир кард.

Русия аз муттаҳидони калиди Башор Асад, раисҷумҳури Сурия, аст.

Раисҷумҳқри Русия ҳамчунин дастури тақвияти нақши Русия дар раванди сулҳ барои поён додан ба даргириҳо дар Сурияро содир карда аст.

 

Оқои Путин дар баёнияе дар Кремл гуфт: "Ман маъмурияти таъиншуда барои вазорати дифоъ ва неруҳои мусалаҳро дар кулл муҳаққақ шуда медонам".

У афзуд: "Бинобарин ба вазорати дифоъ дастур медиҳам хуруҷи бахши аслии неруҳои низомӣ аз ҷумҳурии арабии Сурияро аз фардо шуруъ кунад."

Ба гуфтаи Дмитрий Песков, вазири дифоъи Русия,  Оқои Путин тасмими худро дар як тамоси телефонӣ ба иттилоъи Башор Асад, райсҷумҳури Сурия расонида аст

Риёсати ҷумҳурии Сурия ҳам дар баёнияе тавофуқи ду раисҷумҳур барои ҳуруҷ воҳидҳои неруҳои ҳавоии Руисияро таъйид карда аст

Дар ин баёния омада аст ки хуруҷи неруҳои ҳавоии Русия "дар ростори таҳавулот" ҷорӣ дар сурия сурат мегирад.

 

Манбаъ: BBC

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Теъдоди боздид :
170488

Bookmark and Share              Balatarin
 
 
Ном:
Матни назарҳо: 
 
      
 
 
 
Лағви иштирок
Иштирок